Китоб
Тоҷикон дар оинаи таърих
Ҳазорсолаи дуюм бо ҳама гармию сардӣ ва бурду бохтҳояш паси сар монд ва барои инсоният ҳазорсолаи сеюм оғоз ёфт. Дар тўли сад соли охир аҳолии кураи аз чор баробар афзуда, инсоният охирин гўшаҳои дастнораси зминро кашф кард ва ба фатҳи коинот рў овард. Ва кайҳоннавардон аз баландии беинтиҳои осмон ба сайёраи мо нигариста пай бурданд, ки Замин бо ҳама бузургӣ ва паҳноварии арзу тўлаш дар қиёси маҳаконӣ аз тўби дастие беш нест. Дар интиҳои асри ХХ ва оғози асри XXI инсоният шоҳиди рўйдодҳои бузург ва ҳайратангези ҷаҳони пурталотум гардида, низоми устувору комилан ташаккулёфтаи тарҳи сиёсиву иқтисодии сайёра рў ба таҳаввулоту дигаргуниҳои инқилобӣ овард.....
Жанры:
Президенти,
Отзивҳо